БДА дар роҳҳои Тоҷикистон амалиёти "Бачаҳо"- ро пиёда мекунад

CC0 / Pxhere / Дорожный знак
Дорожный знак - Sputnik Тоҷикистон
Мақсад аз баргузории амалиёти мазкур таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон мебошад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВУД Тоҷикистон, аз 31 август то 10 сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти "Бачаҳо"-ро доир менамояд. 

Ребенок переходит дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози амалиёти “Бачаҳо” дар роҳҳои Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории амалиёти мазкур таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон мебошад.

Ронандаи "КИА-Бонго" пиёдагарди 4 соларо зер кардаст

Аз ин хотир дар ҷараёни амалиёти "Бачаҳо" аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани он  фаъол бошанд.

БДА аз 31 август то 10 сентябр дар роҳҳо амалиёт мегузаронад

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала