Дар Бадахшон маводи ғизоӣ ва дорувории пастсифатро мусодира ва нобуд карданд

CC BY-SA 3.0 / wikipedia / Zack Knowles / Город Хорог, архивное фото
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Бадахшон раёсати назорати давлатии эпидемологӣ ва фармасевтӣ ба миқдори беш аз 13 ҳазор намуди доруворӣ ва 1 тонна маҳсулоти ғизоиро ба коми оташ партофтанд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми 8 моҳи охири соли равон миқдори зиёди маводи хӯрокворӣ ва маҳсулоти доруворӣ бинобар гузаштани мӯҳлати истиода ва сифати пас доштан мусодира шудаан.

Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафт тонна доруи қалбакӣ дар Хатлон нобуд шуд

Ба иттилои сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ташриф Абдуллобеков, дар ҳамин муддат аз ҷониби мутахассисони аз мағозаву дӯкон ва марказҳои тиҷроатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба миқдори 1 тоннаву 326 килограмм маҳсулоти гӯштиву ширӣ, қаннодӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан ва беш аз 16 ҳазор дона тухмро, ки муҳлаташон гузашта, барои истеъмол хатарнок шумурда шудаанд, аз муомилот берун карданд.

Парванда алайҳи 4 соҳибкор дар ВМКБ: мехостанд 3 ҳазор арақи худсохти зарарнокро фурӯшанд

Гузашта аз ин ба гуфтаи Абдуллобеков  аз дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 13 ҳазор намуд доруҳои пастсифат ва шубҳаовар мусодира гардиданд.

Қайд гардид. ки ҳамаи ин маводи ғизоӣ ва доруворӣ  дар озмоишгоҳ мавриди санҷиш қарор дода шуда, пас аз хулосаи комиссияи муштараки ниҳодҳои назоратӣ нобуд карда шуд.

Дар ВМКБ дар 14 рӯз 200 ҳазор бех бангдона мусодира шуд: "Кукнор -2019"

Ташриф Абдуллозода зикр намуд, ки ҳар қадар харидорон ба санаи барориш ва мӯҳлати истеъмоли мол аҳамияти бештар диҳанд, ҳамон қадар сатҳи моли пастсифату хатарзо дар дӯкону мағозаҳо коҳиш меёбад.

Лентаи хабарҳо
0