Дар Данғара хатсайрҳои нави сайёҳӣ боз гардиданд

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузариш ба медиабонкТурист фотографирует пейзажи
Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
{атсайрҳои нави сайёҳӣ дар заминаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва экологии ноҳияи Данғара ташкил карда шуданд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис дода шуданд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда (Казбеги) в Грузии - Sputnik Тоҷикистон
Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб

Бар хабари манбаъ, хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар заминаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва экологии ноҳияи Данғара ташкил карда шуданд.

Мақбараи "Хоҷа Шақиқи Балхӣ", ки аз маркази ноҳияи Данғара дар масофаи 18 километр ҷойгир аст, аҳамияти баланди таърихӣ  дорад. Барои сафар ба ин макони таърихӣ истифодаи ҳама гуна нақлиёт имконпазир аст.

Ин макони таърихӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиб буда, ташкили хатсайри нав ба ин Мақбара барои афзоиши шумораи сайёҳон беҳбуд мебахшад.

Хатсайри сайёҳии "Мақбараи  Шаҳиди сари Қалъа" низ аҳамияти бузурги саёҳати фарҳангию таърихӣ дошта, аз маркази ноҳия дар масофаи 3 км қарор гирифтааст. 

Ноҳияи Рашт барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ 4 хатсайри нав ташкил кард

Маълум гардид, ки  ин ёдгории таърихӣ ба асрҳои 9-10 рост меояд.   Аз боқимондаҳои деворҳои он хулоса шуд, ки  дар ин ҷо аз ду тарафи мақбара ду манора мавҷуд будааст.

Дар заминаи Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин ҳам хатсайри нави сайёҳӣ таъсис ёфт, ки дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 6 км дуртар воқеъ гардидааст. Ин макон ҳам яке аз мавзеъҳоест, ки мардум аз дохилу хориҷ ба зиёрат меоянд.

Мавзеи дигари сайёҳӣ “Мақбараи Мавлоно Обиддин” мебошад, ки барои саёҳати фарҳангию таърихӣ пешбинӣ гардидааст. Ин Мақбара ҳам дар наздикии маркази ноҳия воқеъ мебошад. 

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон гардишгаронро "пахтачинӣ" мебаранд: хатсайри нави сайёҳӣ

Ҳамзамон ноҳияи Данғара дорои мавзеъҳои ҷолибест, ки фарогирӣ саёҳати экологӣ, аз ҷумла кулу чашмаҳо, боғҳои мева, парваришгоҳи ҳайвоноти нодир аст. Барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ хатсайри “Чашмаи Нуқра” мавзеъи мувофиқу ҷолиб аст. Чашмаи Нуқра дар деҳаи  Иғрон ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 20 км масофа дорад. Чашмаи Нуқра бо оби мусаффо, табиати нодир, кӯҳҳои баланд, гулу буттазорҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот бинандаро мафтун месозад.

Парваришгоҳи ҳайвоноти нодири Хуталон диққати ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда, барои боздиди сайёҳон шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Дар ин мамнуъгоҳ- парваришгоҳ  ҳайвонҳои нодири табиати Тоҷикистон, аз қабили бузи кӯҳии пармашох, гавазн, хук, оҳу, паланг, хирс, кабк, мурғи ҳилол ва ғайраҳо парвариш ёфта истодаанд.

Чойхонаи Хуррамшаҳр — чойхонаи замони соҳибистиқлолӣ буда, яке аз зеботарин ва пурарзиштарин иншооти даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара мебошад. Дар бунёди чойхона ҳунарҳои ҳунармандони чирадасти тоҷик, аз қабили кандакорӣ, чӯбтарошӣ, гаҷкорӣ, гулкашию оинабандӣ гирд оварда шудаанд.

Пайи динозаврҳо дар шаҳри Турсунзода: хатсайри нави сайёҳӣ

Ба ин хатсайр ҳамчунин як меҳмонхонаи замонавӣ низ ворид мешавад, ки бо тамоми шароитҳои муосир бунёд ёфтааст. Ин меҳмонхона дорои 12 ҳуҷра буда, 30 рахти хоб  буда, дари он ҳамеша ба рӯйи меҳмонону сайёҳон  боз аст.

Лентаи хабарҳо
0