Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Милисаҳо дар Суғд 700 кило маводи мухаддирро сӯзонданд

© акс аз сомонаи ВУД ТоҷикистонСӯзондани маводи мухаддир дар вилояти Суғд
Сӯзондани маводи мухаддир дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони мақомоти умури дохилии вилояти Суғд дар ҳузури комиссияи махсус 700 кило маводи мухаддирро, ки ҳамчун далели шайъӣ дар доираи парвандаҳо мусодира шуда буд, сӯзонида, нест карданд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ҳудуди 700 кило намудҳои гуногуни воситаи нашъадор, ки ҳалнома ва таъиноти судиашон ба тасвиб расидааст бо иштироки намояндагони ВАО, мақомоти додситонию додгоҳ ва дигар сохторҳои марбута сӯзонида шуд, гузориш дод ВУД.

Церемония сжигания наркотиков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе беш аз 1 тонна маводи мухаддир сӯзонда шуд

Манбаъ афзуд, маводи нашъадори сӯзондашуда дар доираи 256 парвандаи ҷиноӣ мусодира шуда буд.  

“Аз ҷумла, 25 кг 265 гр героин, 422 кг 688 гр ҳашиш, 143 кг 892 гр афюн, 37 кг 214 гр бангдона, 5400 ниҳоли кукнор, 94 ниҳоли бангдона, 9 ампула фенобарбитал, дар асоси иҷроварақаҳои судӣ барои несту нобуд кардан омода ва дар оташдон дар ҳарорати зиёда аз 1000 дараҷа гармӣ сӯзонида шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки мухаддароти сӯзонидашуда натиҷаи фаъолияти милитсияи Суғд аст, ки дар доираи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардид.

Ин ниҳод илова намудааст, ки мусодираи маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои фаъолиятест, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шуда, ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти шуъбаву хадамоти мақомот ба ин самт таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала