Мунтахаби футзали Тоҷикистон чор бозии дӯстона баргузор мекунад

© Пресс-служба федерации футбола РТСборная Таджикистана по футзалу, архивное фото
Сборная Таджикистана по футзалу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Қаҳрамонии  Осиё-2020 моҳи сентябри имсол чаҳор бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Сборная Таджикистана по футзалу проиграла Турции в первом товарищеском матче - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Туркия 1:6 шикаст хӯрд

Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад.

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ муайян шуд

Зимнан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз менамояд ва рӯзҳои 29-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки  дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Тоҷикистон дар футзал аз Олмон пештар будааст

Лентаи хабарҳо
0