Рустами Эмомалӣ гуфт, кадом фанҳо бояд бештар омӯхта шаванд

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз зимни ифтитоҳи бинои нави мактаби №11 дар пойтахт дар бораи омӯзиши фанҳо, тарзи беҳтари дарси таълими меҳнат ва ороиши берунӣ суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, иншооти нави таълимӣ дар маҷмӯъ барои 1280 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.  

Автобусная остановка в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Истгоҳҳои 1 кӯчаю 1 хиёбони дигари Душанбе то охири сол нав мешаванд

Рустами Эмомалӣ таъкид кардааст, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

“Раиси шаҳр омӯзиши фанҳои дақиқ ва омода намудани мутахассисони баланихтисосро муҳим арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки дар раванди таълиму тадрис ба баланд бардоштани савияи илмомӯзии хонандагон аҳамияти ҷиддӣ дода шавад”, - омадааст дар иттилоия.  

Шаҳрдорӣ илова намуд, дар синфхонаҳои таълими меҳнат, ки бо тамоми асбобу айёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, мутахассисони соҳибтаҷриба ба хонандагон нозукиҳои касбҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзонанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Пляж ва аквапарк: Эмомалӣ Раҳмон кӯли "Душанбе" - ро ифтитоҳ кард

Рустами Эмомалӣ масъулини дахлдори Душанберо вазифадор кардааст, ки бо дарназардошти рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза тавассути гузаронидани таҳлилу омӯзиши амиқ,  тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт бо дастгоҳу таҷҳизоти ба талаботи замон ҷавобгӯи сохту истеҳсоли корхонаҳои  ватанӣ таъмин карда шаванд. Ба гуфтаи раиси Душанбе чунин тадбир ҳам дар самти дастгирии истеҳсолоти ватанӣ муосидат мекунад ва ҳам ба коҳиши арзиши маҳсулот боис мешавад.

Бар асоси иттилоия, роҳрав ва синфхонаҳои таълимӣ бо камераҳои мушоҳидавии дорои сифати баланд ва лавҳаҳои электронию технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Шаҳрдорӣ афзуд, дар саҳни мактаб Рустами Эмомалӣ диққати масъулини пойтахтро ба ороиш ва тарҳу намуди роҳрав, гулдонҳои сатҳӣ, хусусан ободонӣ ва кабдизоркунии майдони назди бинои таълимӣ ҷалб намуда, масъулини дахлдори пойтахтро муваззаф намудаст, ки дар баробари гулу майса, ҳамчунин ба шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Лентаи хабарҳо
0