Пизишкони шаҳри Бӯстон пойи духтаре, ки зери қатора монд, буриданд

CC0 / Pixabay / Поезд на железной дороге
Поезд на железной дороге - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони бемористони шаҳри Бӯстон ҳамоно барои наҷоти ҷони духтари 13 - сола, ки зери қатора монда буд, мубориза мебаранд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Феълан пизишкони шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон вазъи саломатии ин духтарро ваҳим арзёбӣ мекунанд, хабар медиҳад сомонаи "Sugdnews".

Тепловоз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Табибон вазъи духтари 13 сола, ки дар Бӯстон зери қатора монд,вазнин арзёбӣ мекунанд

Ба гуфтаи пизишкон ин беморхона, барои наҷот додани ҷони ӯ лозим шуд?то пойи чапи ӯро бурида партоянд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дасти чапаш низ дар ин ҳодиса сахт осеб дидаст.

Манбаъ меафзояд, ки ин хонандаи мактабро дар ҳолати беҳушӣ ва бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол доданд.

То ҳол пизишкони беморхона ҳамаи чораҳоро барои наҷот додани ҷони сокини ин минтақа андешида истодаанд ва мегӯянд, ки муолиҷаи ӯ дар беморхона на кам аз ду моҳ идома меёбад.

Зани тоҷик дар Маскав зери қатора монда ҳалок шуд

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз қабл дар қисмати марказии шаҳри Бӯстон духтари 13 - сола зери қатора монд.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса духтарак саросемавор мехост роҳи қатораро убур кунад, вале ин замон зери қатора дармонд. 

Гуфта мешавад, ҳарчанд ронанда ин духтарро дид ва кӯшиш кард ба таври изтирорӣ қатораро нигоҳ дорад, вале аллакай дер шуда буд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала