Толибон чанд манотиқи наздимарзӣ бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

© AP / Najim RahimВоеннослужащие афганской армии во время столкновения с талибами*, архивное фото
Военнослужащие афганской армии во время столкновения с талибами*, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Феълан дар манотиқе, ки Толибон онро забт намуданд, даргирӣ миёни мақомоти афғон ва гуруҳи ҷангҷӯй идома дорад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ҷангиёни ҳаракати Толибон навоҳии Чоҳоб музофоти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистонро забт намуданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.

Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Музокироти Амрико ва Толибон: оё созишномаи сулҳ имзо мешавад?

Ба маълумоти намояндаи расмии губернатори Тахор, Муҳамммад Ҷавод Ҷоҳирӣ, ҷангиёни толиб субҳи имрӯз ин манотиқро иҳота намуданд.

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд

Зимнан Ҷоҳарӣ илова намуд, ки гурӯҳи ҷангиён аллакай як қисми зиёди ноҳияи Чоҳобро  тасарруф намуданд ва дар натиҷаи задухӯрд миёни гурӯҳҳои ҷангҷӯй ва мақомоти афғон  чандин биноҳо тахриб шуда дар якчанд манотиқ сӯхтор низ сар задаст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои миллии Афғонистон  хабар медиҳад, ки воҳидҳои ёрирасони қувваҳои мусаллаҳ ба ин ноҳия ворид шуданд ва феълан задухӯрди шадид миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ идома дорад.

Дипломати рус теъдоди ҷангиёни ДОИШ дар марзи Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд

Зимнан ҷангиёни Толибон иддао доранд, ки силоҳбадастони гурӯҳ ба минтақаҳои Чоҳоб, Дакид ва Бҳараки вилояти Тахор ҳамла карда, ба нерӯҳои амниятӣ талафоти зиёд  ворид кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки амалиёти нерӯҳои интизомии афғон алайҳи  Толибон барои бозпасгирии ноҳияҳои Юмгон, Ҷурм,  Карон ва Минҷон  идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала