Мусофирони автобуси Хуҷанд - Маскав: 4 - 5 рӯз дар роҳ, вале арзон

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкИностранные рабочие
Иностранные рабочие - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Болоравии қиммати чиптаи ҳавопаймо, шуморе аз муҳоҷирони корҷӯи тоҷикро водор кардааст, ки барои азми сафар ба Русия аз хизматрасонии мусофирбарии автобусҳо истифода кунанд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тирамоҳу зимистон мавсими бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, вале аз таҷаммӯи сокинон дар нуқтаҳои бақайдгирии мусофирони автобус дар Хуҷанд дида мешавад, ки гурӯҳе аз сокинон дар чунин фаслҳои сол, азми дарёфти кору рузӣ ба Русия мераванд.

Шуморе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, арзиши чиптаи ҳавопаймо барояшон гаронӣ мекунад ва аз ин лиҳоз онҳо аз хизматрасонии нисбатан арзони автобусҳо истифода мекунанд.

Суҳроб Каримов, сокини ноҳияи Масчоҳ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои сафар ба Русия дар рӯзи 11-уми сентябр, чиптаи автобус харидааст. Ӯ гуфт, феълан назар ба чиптаи ҳавопаймо, арзиши хизматрасонии автобусҳо қариб се баробар арзон будааст.

"Ҳоло арзиши чиптаи ҳавопаймои самти Хуҷанд-Москав 2500-2600 сомонӣ. Қиммати чиптаи автобус 650-700 сомонӣ аст. Дуруст аст, ки барои бо автобус ба Маскав рафтан, 4-5 рӯзро тай намоӣ, аммо аз он, ки арзон аст, ба ҳамин хотир бисёре аз муҳоҷирон аз хизматрасонии автобусҳо истифода мекунанд", - гуфт Каримов.

Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

Ин сокини ноҳияи Масчоҳ гуфт, даҳ сол аст, ки ба муҳоҷират ба Русия меравад ва умдатан ҳисоби рӯзии хонаводаашро аз ҳамин роҳ дарёфт мекунад.

Масъулони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суғд гуфтанд, ки давоми шаш моҳи соли равон аз ин вилоят 63 ҳазору 968 нафар ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин ҳисоб 52 ҳазору 322 мардон ва 11 ҳазору 6 46 занон будаанд. Ба иттилоъи ин ниҳод, теъдоди муҳоҷирон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 157 нафар зиёд шудааст.

Аз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суғд гуфтанд, ки ба охир расидани мӯҳлати манъи вуруди теъдоде аз шаҳрвандон, сабаби афзоиш ёфтани шумори муҳоҷирон ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки омори рафту омади муҳоҷирон, аз сӯи ин ниҳод танҳо дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ва дар идораи Роҳи оҳан ба қайд гирифта мешавад. Шумори муҳоҷирон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ феълан аз сӯи ин ниҳод ба қайд гирифта намешавад.

Иддае аз коршиносони масоили иҷтимоӣ мегуянд, бекориву бешуғлӣ дар кишвар аксар сокинонро водор месозад, ки ба муҳоҷирати корӣ раванд.

Бар пояи маълумотҳои расмӣ, ҳоло Федератсияи Русия аз кишварҳои муҳоҷирпазир, барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0