Паёми раиси ВМКБ ба Соҳиба Давлатшоева, Мамадбеков ва Мирмамадов

© Фото : FacebookАнсамбль "Бадахшан" в центре руководитель Сахиба Давлатшоева
Ансамбль Бадахшан в центре руководитель Сахиба Давлатшоева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба овозхон Соҳиба Давлатшоева ва ҷудокорон – Сомон Мамадбеков, Шакармамад Мирмамадов паёми шодбошӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ҳукумати ВМКБ, Файзов дар паёмаш Соҳиба Давлатшоева, ҳамроҳи ансамбли мусиқию фолклории "Бадахшон" ва  варзишгарон - Шакармамад Мирмамадову Сомон Мамадбековро мояи ифтихор хондаст, чун дар арсаи байналмилалӣ миллати тоҷикро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саидҷалол Саидов низ аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд

“Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин фарзандони бонанги Бадахшонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Ғалабаи ин шахсиятҳои фидокору заҳматпеша барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ имрӯзҳо боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Файзов таъкид кардааст, ки зиндагиномаи ин шахсиятҳо намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ барои ҷавонони имрӯза мебошад ва ин омил барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ мусоидат менамояд.

Ахиран Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар шаҳри Токиои Ҷопон ҷои панҷумро ишғол намуданд. Шакармамад Мирмамадов  дар ин мусобиқа пас аз ду пирӯзӣ аз рақиби чехиягиаш - Лукас Крпалек шикаст хӯрд.

Ахиран ансамбли "Бадахшон" бо роҳбарии Соҳиба Давлатшоева дар шаҳри Самарқанд дар XII-умин ҷашнвораи "Таронаҳои шарқ" мақоми сеюмро ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0