Русия ба Эрон роҳи фирор аз таҳрими нафтро нишон дод

© AP / Ronald ZakФлаг Ирана. Архивное фото
Флаг Ирана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаи Таймз навиштааст, ки Русия ба Эрон масиреро барои интиқоли нафти худ ба Туркия ва Сурия пешниҳод намудааст, ки яке аз роҳи фирор аз таҳримҳост.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ба навиштаи Таймз дар шароите,ки ба иллати таҳримҳои Амрико Эрон, содироти нафти Эрон ба Туркия ва Сурия аз тариқи масири қаблии канали Суиз- душвор шуда, Гиоргӣй Марадов намояндаи Кремл дар шибҳи ҷазираи Қрим пешниҳод кардааст,ки Эрон метавонад аз қобилиятҳои киштиронии ин шибҳи ҷазира баҳра гирад ва нафти худашро аз тариқи канали Волга Донн ба дарёи Сиёҳ мунтақил кунад, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба рӯзномаи Таймз.

Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Таҳрим ҳам монеа нашуд: Эрон ҳаҷми содироташро ба Русия ба маротиб афзоиш додааст

 Марадов таъкид кардааст,ки  манфиатҳои дуҷониба байни Эрон ва Қрим ба вижа бо таваҷуҳ ба сиёсатҳои зиддиэронии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯ ба афзоиш аст.

Бар асоси гузориши рӯзномаи Таймз, канали Волга Донн 63 майл тул дорад ва бахше аз оброҳе аст,ки дарёи Хазарро аз тариқи дарёи Азов ва дарёи Сиёҳ ба уқёнусҳои ҷаҳон мутасил мекунад.

Ин рӯзнома менависад Теҳрон ҳануз аланӣ ба дархости Русия посух надодааст, аммо эътои масири ҷойгузини нафтӣ метавонад фурсати арзишманде дар ихтиёри санъати нафти Эрон қарор диҳад.

Эрон қаблан маҳмулаҳои нафти худ ба Сурия ва Туркияро аз тариқи канали Суиз интиқол медод аммо баъд аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, интиқоли нафт аз ин масир барои Эрон душвор шудааст,зеро кишварҳое,ки ба интиқоли маҳмулаҳои нфти Эрон кумак кунанд мумкин аст бо таҳримҳои Амрико рӯ ба рӯ шаванд.

Ин иқдоми русҳо нишондиҳандаи умқи робитаҳои роҳбурдӣ бо Эрон Маскав- Душанбе аст.

Лентаи хабарҳо
0