Бархӯрди ду ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметова - навор

Пас аз сар задани ин ҳодиса ҳамаи мусофиронро аз дохили ҳавопаймо берун намуданд ва нафаре аз онҳо осебе надидаст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар фурудгоҳи Шереметова ду ҳавопаймо, ки яке мутааллиқ ба ширкати "Аэрофлот" ва дигаре Royal Flight мебошанд, ба ҳам бархӯрданд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Ба маълумоти намояндагони Хадамоти  ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, болҳои ҳар ду ҳавопаймо ба ҳам бархӯрдаст, аммо хушбахтона осеби ҷиддӣ надиданд.

Феълан мусофирони тайёраи "Аэрофлот"- ро берун оварданд ва ҳавопаймои дигарро барои интиқоли мусофирон омода карда истодаанд, гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала