Супориши Рустами Эмомалӣ барои пардохти кӯмакпулӣ ба куҳансарбозони ҶБВ

© пресс-служба президента ТаджикистанаПарад Победы 9 мая в Душанбе
Парад Победы 9 мая в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе қарор кард, ки бахшида ба 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кӯмакпулӣ расонида шавад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ахиран Рустами Эмомалӣ қароре ба имзо расонидаст, ки тибқи он ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулии якдафъаина дода шавад.

Концерт ветеранам ВОВ  - Sputnik Тоҷикистон
Аз 800 то 1500 сомонӣ: қарори Рустами Эмомалӣ барои кумакпулӣ дар арафаи ид

Тибқи иттилои маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ қарори дахлдорро оид ба расонидани кӯмаки моддӣ ба ин табақаи мардум ба муносибати 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба имзо расонидаст.

Рустами Эмомалӣ мошину хона ва пул медиҳад

Шаҳрдории Душанбе ба Раёсати молияи пойтахт дастур додааст, ки барои амалӣ намудани ин кори хайр аз маблағҳои барои эҳтиёҷоти шаҳр мавҷуд буда, 4 миллиону 945,8 ҳазор сомонь ихтисос дода шавад.

Гуфта мешавад, аз ин миқдор маблағ, 226,8 ҳазор сомонӣ барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҷудо карда мешавад.

Рустам Эмомалӣ ба собиқадорони ҷанг кумакпулӣ ҷудо кард

Шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ супориш додаст, кӯмаки пулӣ то рӯзи 7- уми сентябри соли равон тақсим карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала