Таркиши бомб дар Кобул ҷони 16 касро рабуд ва беш аз 100 нафарро маҷрӯҳ кард

Қаблан аз ҳалокати 5 нафар ва захм бардоштани 50 кас хабар дода шуд, вале баъдан теъдоди ҳалокшудагон ба 16 нафар ва муҷрӯҳон ба 119 нафар афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бар асари таркиши мошини бомбгузоршуда дар шаҳри Кобул, дасти кам 16 нафар ҷон аз даст дода наздики 119 тани дигар сахт маҷрӯҳ гардиданд, хабар медиҳад сомонаи TOLO News бо такя ба маълумоти ВУД Афғонистон.

Афганистан: крупный теракт на свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Навори арӯсии хунин дар Афғонистон

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки бештари ҳалокшудагон ва захмбардоштагон сокинони осоишта ҳастанд. Масъулияти ин ҳамларо Ҷунбиши Толибон ба ӯҳда гирифтааст.

Мақомоти афғон Толибонро дар марз мағлуб намуданд ва минтақаи Чоҳобро бозпас гирифтанд

Ин ҳамла замоне рух дод, ки фиристодаи хоси ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод бо ҳайати Толибон музокира мекунад.

Халилзод гуфт, ки дар  даври нӯҳуми музокирот бо гурӯҳи умдаи шӯришиёни Афғонистон ба мувофиқаи усулӣ даст ёфтааст.

Рӯзи 1-уми сентябр Халилзод бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Кобул дидору гуфтугӯ кард. Ашраф Ғанӣ аз он ки намояндагони расмии ҳукумати Афғонистон дар ин музокираҳо иштирок намекунанд, борҳо интиқод кардааст.

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала