Тамрини намоишии Нурмуҳаммадов ва Пуаре қабл аз муҳориба: пахши мустақим

Обуна шудан
Варзишкори рус Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои амрикоияш Дастин Пуаре тасмим гирифтанд, қабл аз муҳорибаашон тамрини намоишӣ барои мухлисон нишон диҳанд

Ду варзишкори муваффақи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Дастин Пуаре қабл аз муҳорибаи қарибулвуқӯяшон тамрини намоишӣ мегузаронанд.

Хабиб Нурмагомедов рассказал о разговоре с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб Нурмуҳаммадов: ният надорам, ки то 40 - солагӣ дар рӯйи октагон монам

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC  дар вазни сабук ва варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дар шаҳри Абу-Дабӣ барузор мешавад.

Мухлисони ҳар ду варзишгар бесаброна муҳорибаи онҳоро, ки рӯзи 8 уми сентябр  дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мунтазиранд.

Нурмуҳаммадов гуфт чӣ тавр Пуареро мағлуб мекунад

Нурмагомедов мегӯяд, ҳатман рақиби худро мағлуб намуда, камарбанди қаҳрамонияшро дифоъ мекунад.

Зимнан аксари варзишкорони ботаҷриба бар ин боваранд, ки Дастин Пуаре бо Нурмуҳаммадов рақобат карда наметавонад. Ба андешаи онҳо, Пуаре  малакаи зарбарасонии  хуб дорад, аммо дар рӯбарӯ бо Ҳабиб , бисёре аз варзишгарон  онҳоро аз даст медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммадов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд.

Муҳорибаи Ҳабиб бо Поре аз рақобат бо Макгрегор сердаромадтар хоҳад буд

Барои пирӯз шудан дар муҳорибаи мазкур Ҳабиб 2 миллион доллари амрикоиро  ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0