Вазъи марз: қирғизҳо аз бозорсозӣ даст кашиданд, аммо хаймаҳоро набурдаанд

© пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони наздимарзии деҳаи Хоҷаи Аъло мегуянд, баъд аз гуфтушуниди дирӯза, ҷониби қирғизҳо аз амали худсарона сохтани бозори сабзавот дар ҳудуди замини хоҷагиҳои ин деҳа даст кашиданд, аммо хаймаҳои худро то ҳол набардоштаанд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Сокинони наздимарзии Хоҷаи Аълои Исфара мегӯянд, дар пайи гуфтушуниди дирӯза вазъи марз ором шудааст, аммо қирғизҳо ваъдаи барчидани хаймаҳои аз ҳудуди замини хоҷагиҳои деҳаро то ҳол иҷро накардаанд.

Конфликт на Таджикско-Кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон
Навори муноқишаи миёни тоҷикону қирғизҳо: "ӯ метавонад маро кушад" - видео

Дирӯз дар марзи миёни деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ва Орта-Боз и Боткон муноқишаи марзӣ рух дод ва дар паи гуфтушуниди ҷонибҳо бартараф шуд.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 3-уми сентябр бо пахши хабар дар бораи рухдоди таниши марзии гуфт, ки сокинони деҳоти ноҳияи Боткон дар канори чорроҳа, ки замини хоҷагиҳои деҳаи Хоҷаи Аъло мебошад, худсарона бо сохтмони бозор ва нуқтаҳои фурӯши сабзавот машғул шудаанд. “Ин амали иғвогарона таҳрезинамудаи ҷониби қирғизҳо боиси норозигии мардуми маҳаллии деҳоти Чоркӯҳ гардидааст”, гуфт Илёсзода.

Вазъият мураккаб аст: муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони Хоҷаи Аъло, онҳое, ки дар гуфтушунид бо қирғизҳо ширкат кардаанд, мегӯянд, қирғизҳо қавл дода буданд, ки хаймаҳои худсарона насбкардаашонро аз ду канори роҳ, воқеъ аз болои замини хоҷагиҳои ин деҳа мекананд, вале то ҳол набардоштаанд.

Нодира Авезова, як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло гуфт, ки ҳама гап дирӯз аз пушти як чодари сафед хест. Сокинони деҳоти Боткон бо насби худсаронаи он, кӯшиш карданд, ки дар марзи маъмурии Хоҷаи Аъло бозори сабзавотфурӯшӣ созанд.

"Дирӯз дар вақти гуфтушунид дар ҳузури мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқашон гуфтанд, ки хаймаҳоро мекананд, аммо боз ҳам накандаанд. Мардуми мо ҳама ба гапи мақомотҳо гуш медиҳанд, аммо қирғизҳо худсарона ҳар корро пеши худ мекунанд", - мегӯяд Авезова.

Ҳоло 275 метр роҳи Исфана – Оши Қирғизистон аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мегузарад. Соли 2007, ин роҳ бар асоси гуфтушуниди масъулини баландмақоми ду ҷониб, барои 49 сол ба Қирғизистон иҷора дода шуд. Бар ивази иҷора ин роҳ ҷониби Тоҷикистон он вақт мушкили пайвастшавии хатти барқ барои деҳоти Чоркӯҳро аз системаи барқрасонии Қирғизистон рафъ кард.

Ҳоло равуои сокинони деҳаҳои Орта-Боз, Охтатир, Зоирҷӣ, Тошчумчуқ ва Учтеппаи ноҳияи Боткон тавассути ин роҳ сурат мегирад.

Туйчизода: ба қирғизҳо даст диҳед, аз оринҷ мегиранд

Бобоҷон Туйчизода, сокини дигари Хоҷаи Аъло гуфт, ки мутаасифона баъзе қирғизҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки манфиятҳои худро пиёда созанд.

"Барои осон шудани равуои қирғизҳо, ки дар ҳамсоягӣ бо мо қарор доранд, роҳамонро додем. Онҳо назар ба ин, ки аҳамияти ин ёрии моро дарк кунанд, боз мехоҳанд, дар ҳудуди заминҳои мо барои худашон бозорча созананд. Ба қирғизҳо даст диҳед, аз оринҷ меқаппанд", -  гуфт Туйчизода.

Бобоҷон Туйчизода мегӯяд, дар ҳоле ҷониби қирғизҳо ба сохтмони бозор машғул шудаанд, ки чанде пеш монеъаи асфалткунии қисмате аз роҳи Хоҷаи Аъло шуда буданд.

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ки сохтмони бозор дар канори роҳ аз сӯи қирғизҳо хилофи қонунгузории марз буда, гузашта аз ин бунёди он, сабаби мушкил шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт мегардад.

“Қирғизҳо дар канори чорраҳои Хоҷаи Аъло худсарона ба сохтмони бозорча машғул шудаанд, ки мо монеъаи ин кори онҳо шудем. Ин амали онҳо, ҳаракати воситаҳои нақлиётро душвор мегардонад. Аз ин лиҳоз мо бо мақомотҳои расмӣ муроҷиат кардем, то ин амали худсаронаи шаҳрвандонашонро пешгирӣ кунанд”, афзуд Насриев.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 % и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Пурра таъйин нашудани хатти марз, борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ боис мешавад.

Лентаи хабарҳо
0