Издивоҷ каму талоқ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

© © Sputnik/ Михаил МаркивЦеремония бракосочетания, архивное фото
Церемония бракосочетания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди сабти никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, САҲШ-и Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон як дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сабти никоҳ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, теъдоди талоқ зиёд шудааст, хабар дод ТоҷикТА.

Молодожены. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз панҷ ҳазор марди самарқандӣ зани дуюм доранд

Бар асоси иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, шумораи сабти издивоҷ тайи 6 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 дарсад кам шудааст.

Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки дар шашмоҳа 33,5 ҳазор ҷуфт ақди никоҳ бастаанд. Таъкид шудааст, ки коҳиши издивоҷ тақрибан дар ҳамаи навоҳии Тоҷикистон ҷой дорад.  

Дар ҳамин ҳол, тайи нимсоли аввали соли равон беш аз 6 ҳазор ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 481 ҳолат бештар мебошад.

"Дипломати амрикоӣ ҳамсари тоҷикашро паронду худкушӣ кард"

Қаблан хабар дода шуд, ки хонадоршавии тоҷикистониён бо хориҷиён коҳиш ёфтааст. Вазорати адлия ин ҳолатро ба тағйирот дар Кодекси оилаи кишвар рабт дод, ки соли 2011 қабул шуданд.

Бар асоси муқаррароти Кодекси оила, хориҷиҳо қабл аз издивоҷ бо духтарони тоҷикистонӣ бояд онҳоро бо хона таъмин кунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала