Гузориши раиси ноҳия: соҳибкорон дар Дӯстӣ чиро бунёд карданд?

© Unsplash / Guilherme Cunha Рабочие на строящемся объекте
Рабочие на строящемся объекте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нурмуҳаммад Саидзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ аз соҳибкорони ноҳия тавсиф кард, ки дар пайи даъвати роҳбари давлат барои ободкорӣ сармоягузорӣ карда истодаанд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои раиси ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 161 иншооти таъйиноташ гуногун, таҷдиду навсозии роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод 40 иншоот бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ ба истифода супурда шуд, хабар додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофот ба Шамсулло Соҳибов, соҳибкор - Sputnik Тоҷикистон
Чиро сохту ба кӣ чанд сомонӣ кумак кард? Кумита хизматҳои Шамсулло Соҳибовро гуфт

Манбаъ афзудааст, ки роҳбарии гурӯҳи кориро дар ноҳия намояндаи Ҳукумат, мудири Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод Сулаймон Султонзода ба уҳда дорад.

Нурмуҳаммад Саидзода иттилоъ додааст, ки соли ҷорӣ дарвозаи рамзӣ дар даромадгоҳи ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ бунёд гашт, ки арзиши умумии он 891 ҳазор сомониро ташкил дод.

Манбаъ афзуд, дар деҳоти Деҳқонобод соҳибкорон Суннатулло Маҳмадшоев ва Умаралӣ Амонов бо сарфи 540 ҳазор сомонӣ маркази савдо, тарабхона, мағозаи тиҷоратӣ, дорухонаву сартарошхона сохта ба истифода доданд.

Конкурс-фестиваль на лучший плов в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе чойхонаи муштараки Тоҷикистону Узбакистон - "Дӯстӣ" кушода шуд - навор

“Дар деҳаи Нурободи деҳоти мазкур соҳибкори саховатпеша Файзалӣ Тӯраев бо харҷи 501 ҳазор сомонӣ бунгоҳи тиббӣ сохт. Бунгоҳи тиббии дигар дар деҳаи Найсони деҳоти Ҷиликӯл дар арафаи Ҷашни 22 – солагии Ваҳдати миллӣ бо сарфи беш аз 574 ҳазор сомонӣ ба фаъолият оғоз кард”, - иттилоъ додааст раиси ноҳия.

Инчунин зикр шудааст, ки дар деҳоти Ҷиликӯл майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саймуддин Саидов бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ бунёд ва бо таҷҳизоти зарурии варзиш муҷаҳҳаз гардидааст.

Раиси иттилоъ додааст, ки дар арафаи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёди корхонаи нонпазӣ ва қаннодӣ, муассисаи таълимии ибтидоии № 5, майдончаи варзиш, мумфаршсозии ду километр роҳи маркази ноҳия ва чароғонкунии 1,8 километр роҳ ба анҷом мерасад.

Лентаи хабарҳо
0