ВУД Тоҷикистон: тафтиш нисбати се корманди ширкати “Таҷеро” оғоз ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги в кошельке, архивное фото
Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “Таҷеро”, яке аз таъминкунандагони бозори Тоҷикистон бо хӯрокворӣ нисбати се кормандаш ба милитсия шикоят бурдааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ахиран роҳбарияти ширкати “Таҷеро” аз фаъолияти нопоки се кормандаш ба мақомоти милитсия шикоят бурдааст, ки онҳо мабла0ғҳои ширкатро ба манфиати худ сарф кардаанд.   

Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарияти ширкат Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст, ки аз санаи 20-уми феврали соли равон то ин ҷониб марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” кору фаъолият мекардааст.

Взлом двери, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони ширкати “Насим-2017” корхонаи худро ғорат карданд

“Ӯ  аз нуқтаҳои савдо, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ҷамъ ба маблағи 155 ҳазору 178 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, - қайд намудааст манбаъ. 

Ҳамчунин роҳбарияти “Таҷеро” ба мақомоти милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят намудааст, ки зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки аз санаи 1-уми октябри соли 2018 то моҳи январи соли равон дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” кору фаъолият мекард, аз нуқтаҳои савдо ҷамъ ба маблағи 45 ҳазору 596 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Инчунин роҳбарияти ширкат зикр намудааст, ки марди 27-солаи сокини пойтахт, ки аз санаи 20-уми феврали соли 2018 то 6-уми майи соли равон дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таҷеро” кору фаъолият мекард, аз нуқтаҳои савдо ҷамъ ба маблағи 65 ҳазору 332 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дар ҳоли ҳозир, ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишотро идома доранд.

Ширкати “Таҷеро”, яке аз таъминкунандагони бозори Тоҷикистон бо хӯрокворӣ дниста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0