Навори голзании Ҷалилов, ки тими Қирғизистонро шикаст дод - видео

Федератсияи футболи Тоҷикистон навори голзании Алишер Ҷалилов, футболбози тоҷикро ба дарвозаи мунтахаби миллии Қирғизистон нашр кардааст

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии давраи интихобии Ҷоми ҷаҳон - 2022, гурӯҳи "F", ки шоми 5 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, тими мунтахаби футболбозони қирғизро шикаст дод.

Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар моҳи август муайян шуданд

Тими миллии Тоҷикистон дар ҳузури наздики 18 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказӣ бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба ҳадаф расонд.

Ҷалилов дар ин бозӣ, ки таҳти доварии Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ аз давлати Урдун баргузор гардид, беҳтарин бозигар дониста шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Муғулистон бар тими Мянма бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Акнун дар даври дуюм тими мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунад. Ин дидор 10 сентябр дар Улан Батор сурат мегирад. Оғози бозӣ - соати 14:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала