Генерал Султонзода дастовардҳои Ожонси мубориза бо фасодро қаноатбахш хонд

© сомонаи Ожонси зидди фасоди ТоҷикистонҶаласаи тантанавӣ дар Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бахшида ба Истиқлоли давлатӣ
Ҷаласаи тантанавӣ дар Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бахшида ба Истиқлоли давлатӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид, мудири Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон кормандони ниҳоди тобеяшро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси мубориза бо фасод, бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури кормандони ин ниҳод маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Эмомали Рахмон на заседании правительства 29 февраля 2016 года  - Sputnik Тоҷикистон
Фармон: Президент теъдоди мақомдорони марказии Ожонси зидди фасодро кам кард

Манбаъ афзуд, ки бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҷаласа таҳти садо додани суруди миллӣ оғоз карда шуда, нахуст мудири Ожонс, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид суханронӣ кард.

Мудири Ожонс дар бораи иқдомоти Эмомалӣ Раҳмон даро бораи сохта ба истифода додани объекти стратегии кишвар НБО “Роғун” ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кардааст.

Ба иттилои котибот, Сулаймон Султонзода дар ин раванд дастовардҳои мақомоти Ожонсро низ дар 12 соли охир қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Парвандаи ҷиноии Мираков, мансабдори “Барқи тоҷик”: 96% пули барқро аз худ кардаст

Сипас бар асоси фармоишҳои мудири Ожонс, як қатор кормандони ин ниҳод барои ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидан, намунавӣ иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, гузоштани саҳми босазо дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва нишон додани фаъолияти пурсамар дар самти мубориза бо коррупсия ҳавасманд ва қадрдонӣ карда шуданд.

Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи муҳосибҳо дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

Ожонси зидди фасод, моҳи январи соли 2007 бо фармони раисиҷумҳур таъсис ёфта, дар аввал теъдоди воҳиди корӣ барои ин ниҳод 587 адад муқаррар шуда буд ва баъдан ҳудуди 100 нафар кам карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0