Ба рағми баҳсҳои марзӣ: пирӯзии футболбозони тоҷик бар қирғиз ва се корти зарди ҳариф

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар майдони худ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Дастаи ҳариф бошад, баръакс дар давоми бозӣ се корти зард гирифт

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии давраи интихобии Ҷоми ҷаҳон - 2022, гурӯҳи "F", ки шоми 5 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, тими мунтахаби футболбозони қирғизро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Усмон Тошев – главный тренер олимпийской сборной Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Тошев зидди тими Қирғизистон дар Душанбе “бозингари 12”-умро даъват кард

Нахустин ва ягона голро ба дарвозаи қирғизҳо бозингари мунтахаби Тоҷикистон Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-уми бозӣ ворид кард.

Бозӣ тезутунд, вале шавқовар буд: футболбозони Қирғизистон ҳам фаъол буданд, аммо ба "қонуншиканӣ" роҳ додаву се корти зард гирифтанд.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ қирғизҳо боз ҳам фаъолтар гашта, кӯшиш карданд, ки ҳисобро баробар кунанд, аммо натавонистанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Миёнмор ва Муғулистон рақобат мекунад.

Дар бозии аввалини гурӯҳи "F" мунтахаби Муғулистон дар майдони худ бар мунтахаби Миёнмор бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашта буд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро рӯзи 10-уми сентябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Муғулистон анҷом медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон чанд рӯзи ахир боз аланга гирифтааст.

Вазъи марз: қирғизҳо аз бозорсозӣ даст кашиданд, аммо хаймаҳоро набурдаанд

Ахиран, қирғизҳо дар минтақаи наздисарҳадӣ, дар замини хоҷагиҳои деҳаи Хоҷаи Аълои деҳаи Чоркӯҳи Исфара худсарона ба сохтмони бозор шурӯъ карда буданд. Феълан онҳо баъди гуфтушунидҳо аз сохтани бозор даст кашидаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади он  ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала