Майрам ҳамсари Раҳмон Набиев: шавҳарам зери таҳдид аризаи истеъфояшро навишт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкБывший президент Таджикистана Рахмон Набиев
Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 7-уми сентябри соли 1992 дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе як гурӯҳи силоҳбадастон Раҳмон Набиевро маҷбур сохтанд аз мансаби президентиаш истеъфо диҳад. Раҳмон Набиев баъди ин ҳодиса дар фурӯдгоҳ дигарба сиёсат барнагашт

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Талабшоҳи Салом. Моҳи апрели соли 2013 Акбаршоҳ Искандаров дар яке аз дидорҳо дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” бо таъйиди хароб шудани вазъи Душанбе ва адами шароити кофӣ барои баррасии вазъи кишвар дар он шабу рӯз гуфта буд, бо назардошти ин гуна вазъ тасмим гирифта шуд, то ҷаласае барои баррасии вазъи кишвар дар яке аз манотиқи амн баргурзор гардад.

Истеъфои аввал

Дар пайи чунин тасмим Хуҷанд, маркази вилояти Ленинобод макони баргузории иҷлосия интихоб шуд. Ба ҳамин хотир бояд раисҷумҳуру мушовиронаш, аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ ва Раёсати Шӯрои Вузаро Хуҷанд мерафтанд. 

Президент РФ Борис Ельцин (справа) и президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Набиев: парронанд, паррондан гиранд, ман истеъфо намедиҳам - идома

Ба қавли Акбаршоҳ Искандаров, масъалаи асосии ин ҷаласа пайдо кардани ноиби раисҷумҳур ва ҷоннок кардани фаъолияти раисҷумҳур будааст. 23 сол пас аз истеъфои раисҷумҳур Акбаршоҳ Искадаров дар мусоҳиба ба бахши тоҷикии хабаргузории “Спутник” дар ин бора гуфт: “Ҳоло маслиҳат набуд, ки кай меравем, соати чанд меравем. Аз аъзои Президиуми Шӯрои Олӣ Виктор Приписнов гуфт, “намеравам”, Тураҷонзода гуфт, “намеравам”. Боз чанд тани дигар аз рафтан худдорӣ варзиданд. Ман дигар маҷбур шудам, ки сабаби рафтанамонро ошкор кунам. Бархеҳо маслиҳат доданд, ки ҳамин ҷо корро ҳал кунем. Гуфтам, аллакай маслиҳат шуд, он ҷо омодагӣ рафта истодааст. Хешу табори наздикаш он ҷо аст. Хулоса, суҳбатҳо тӯлонӣ шуд. Баҳсҳо ҳам шуд”. “Тахминан соатҳои 14:30 ба майдони ҳавоӣ омадам... Ба хонаи депутатҳо ворид шудан баробар ман рӯйи фарш шахсеро, ки пойи тирхӯрдаашро докабанд мекард, дидам. Р. Набиевро ҳангоми ба тарафи тайёра раҳсипор гардиданаш дастгир карда будаанд” (Ҳикматуллоҳ Насриддинов, “Тарикиш”, саҳ. 176).

Муътаризони рӯзи 28 август бо сардории мулло Абдуғаффор, имомхатиби маҷиди ҷанубии пойтахт ва Исмат Ҳабибуллоев, маъруф ба Исмати Авулӣ, дигаре аз саркардагони гирдиҳамоии 28-уми август мехостанд зери мили автомат раисҷумҳурро ба истеъфо водор кунанд. Дар чунин ҳол, ба навиштаи Ҳ. Насриддинов, Шаҳоб Шарифов, раиси КАД ду маротиба ба М. Навҷувонов, вазири умури дохилии вақт занг задааст, ки бо истифода аз нерӯҳои вазорат раисҷумҳурро кумак кунад. Аммо ба қавли ӯ, ҳар боре ки нерӯҳои пулис меомаданд, бо нерӯҳои мухолифин мулҳақ мешуданд.  Ин манзараро Акбаршоҳ Искандаров дар суҳбат бо “Спутник” чунин нақл кардааст: “Ба вазири ВКД телефон кардам. Баъди 5 ё 7 дақиқа 2 БТР ба фурудгоҳ омад.

21 декабря 1991 года. Президент Республики Таджикистан Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси институти президентӣ дар Тоҷикистон ва саҳми Раҳмон Набиев дар он - идома

Вақте ин БТР-ҳо омаданду бо онҳое, ки моро дар муҳосира гирифта буданд, оғӯшкашӣ карданд, мо ба хулоса расидем, ки тамом, дигар аз дасти мо ҳич чиз намеояд”. Баъди ин гуна “кумакҳо” ба раисҷумҳур Шаҳоб Шарифов бо Двизияи 201 тамос мегираду нерӯҳои ин фирқа ба фурудгоҳ меоянд. Вале ба навиштаи Ҳикматуллоҳ Насриддинов, афсарони Дивизияи 201-ум ба мисли ин ки аз асли воқеа бохабар бошанд, изҳор доштанд, ки ба қазияи раисҷумҳуру мухолифон дахолат нахоҳанд кард.

Вақте кор ба ин ҳад мерасад, Раҳмон Набиев пешниҳод менамояд, ки ба бӯстонсарои ҳукумат баргарданд, дар он ҷо истеъфояшро эълом намояд. Вале мулло Абдуғаффор ва Исмати Авулӣ ба ин пешниҳод розӣ нашуда, баръакс иброз доштанд, ки агар раисҷумҳур дар фурудгоҳ истеъфо надиҳад, касе аз хонаи вакилон зинда берун намебарояд.

Дар ин ҳол Раҳмон Набиев баҳона пеш овард, ки ин ҷо коғазу қалам нест. “Дар як дақиқа коғазу қалам ва ҳатто камераҳои телевизион омода гаштанд. Вазири адлия Файзуллоҳ Абдуллоев, ки барои парвоз кардан ба Хуҷанд омада буд..., дар ҳолати ногувор монда, роҳҳои қонунии ба истеъфо баромадани раиси ҷумҳуриро фаҳмонд. Аризаи истеъфо тайёр ва имзо шуд. Набиев ба воситаи телевизион низ ба мардум муроҷиат кард. Ҳамон лаҳза аризаи истеъфои Раҳмон Набиев дар миёни силоҳбадастон хонда шуд ва онҳо пароканда шуданд” (Ҳикматуллоҳ Насриддинов, “Таркиш”, саҳ. 178-179).

Акбаршоҳ Искандаров дар мусоҳибаи фавқуззикр бо “Спутник” идомаи қазияро чунин ҳикоят кардааст: “Баъди чанд лаҳза Набиев дигар аз лоилоҷӣ аризаи истеъфояшро аз мақоми раисҷумҳурӣ имзо кард. Аз фурудгоҳ баргаштем ба бӯстонсарои ҳукуматӣ. Аз ман хоҳиш кард, ки “як қарор бароред, имтиёзҳои маро дуруст кунед”. Ҳамроҳи ҳуқуқдонҳо маслиҳат кардем, ки як соат аз байн гузашт. Дубора хостам назди Набиев равам, ки гуфтанд, вай аллакай сарҳади Узбакистонро гузашта рафт…”.

Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон аз Раҳмон Набиев чӣ интизориҳо доштанд? - идома

Истеъфои Набиев тарроҳӣ шуда буд?

Бояд гуфт, 7-уми сентябр Раҳмон Набиев истеъфо дод, аммо то ҳанӯз андешаҳои мухталифе дар робита ба қазияи истеъфои аввали раисҷумҳури дуюми Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Тавре дар боло зикр гашт, раиси вақти Шӯрои Олӣ зикр мекунад, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода эълом дошт, ки ба Хуҷанд намеравад. Ба гуфтаи Ҳ. Насриддиов бошад, Ҳ. А. Тӯраҷонзода дар ҷаласае, ки тасмими ба Хуҷанд рафтан гирифта мешуд, гуфтааст, ба ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт, зеро имкони ҳалли тамоми масъалаҳо дар пойтахт вуҷуд дорад. “Акбари Тӯраҷонзода медонист, ки аллакай ҷаҳор атрофи майдони ҳавоӣ аз ҷониби сарбозони оппозитсия печонида гирифта шудааст. Ва боз оқибати бозиҳои сиёсӣ ба чӣ анҷом меёбад, медонист”, - менависад Ҳ. Насриддинов дар хотироташ.

Дар ҳоле ки Ҳикматуллоҳ Насриддинов нисбат ба Хуҷанд нарафтани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷозонда ба чашми шубҳа менигарад, Майрам Набиева, ҳамсари Раҳмон Набиев зоҳиран ҳатто нисбат ба мавзеъгириҳои Акбаршоҳ Искандаров дар сентябри соли 1992 низ шак дорад. Бинобар ин Майрам Набиева дар суҳбат бо “Азия плюс” 20-уми апрели соли 2015 гуфтааст: “Замоне ки ҳанӯз Раҳмон Набиев дар утоқи корияш ҳузур дошт, ӯро Акбаршоҳ Искандаров занг зада гуфт, ки ҳамаи вакилони мардумӣ аллакай ҷамъ шудаанд ва танҳо мунтазири раисҷумҳур мебошанд. Вақте ҳамсарам ба фурудгоҳ мерасад, аз он ки ҳеҷ як вакилро он ҷо намебинад, ҳайрон мешавад.

Ба пешвози ӯ як зан, оператори толори парвоз берун баромада мегӯяд, чун маълум шуд, ки Раҳмон Набиев ба фурудгоҳ рафтааст, ҳама ҷамъ шуда рафтанд. Баъд аз чанд дақиқа фурудгоҳ аз тарафи силоҳбадастони мухолифин забт гардид ва зери таҳдид шаҳвари ман аризаи истеъфояшро навишт”.

Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев - Sputnik Тоҷикистон
Усмонов: Раҳмон Набиев натавонист муносибати худро бо аҳзоби сиёсӣ муайян намояд – идома

Аммо Акбаршоҳ Искандаров дар ҳамон мусоҳибааш бо “Спутник” гуфтааст: “Он лаҳзае, ки мо гуфтугӯ доштем, аз фурудгоҳ тамос гирифтанд, ки Набиев омодаи парвоз аст, шуморо мунтазиранд, зудтар бирасед. Ман гуфтам, ки ҳоло аъзои президиумро розӣ накардаам. Бигзор Набиев парвоз кунад, мо ба ҳар қиммате, ки ҳаст, инҳоро розӣ мекунем ва баъдтар мебиёем. Баъди андкае онҳоеро, ки билохира розӣ кардем, дар якҷоягӣ ба фурудгоҳ раҳсипор шудем, ҳамон рӯзи 7 сентябр. Мошинҳои зиёде дар саҳни фурудгоҳ истода буданд. Вақте аз дари фурудгоҳ ворид шудам, дар фарш изи хунро дидам. Набиев дар кунҷе истода буд. Мулло Абдуғаффор дар назадаш буд, чанде аз вазирон ҳам истода буданд. Қабл аз он ки назди Набиев равам, ба КГБ занг задам. Гуфтам, медонед, ки чӣ гап аст дар фурудгоҳ? Раиси КГБ гуфт: чӣ гап аст? Президентро "заложник" гирифтаанд, гуфтам. Раиси КГБ бо тааҷҷуб пурсид, ки чаро моро хабар накардаанд?”.

Ҳикматуллоҳ Насриддинов, ки дар аввали китобаш аз Раҳмон Набиев ба унвони як сарвар дар солҳои 70-уми асри гузашта ситоиш кардаву ба зинаҳои баланди мансаб расиданашро ба ғамхориҳои Р. Набиев нисбат додааст, манзараи истеъфои Набиевро тарзе тасвир мекунад, ки ба нақлҳои Акбаршоҳ Искандаров ҳамхонӣ дорад.

Гузашта аз ин Ҳ. Насриддинов дар китобаш зикр менамояд, ки зимни вуруди ӯ ба хонаи вакилони фурудгоҳ чанд аз аъзои раёсатҳои Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон, аз ҷумла Акбаршоҳ Искандаров, Моёншоҳ Назаршоев, Даврон Ашӯров, Абдуллоҳ Ҳабибов, Азиза Анварова, Усмон Усмонов, Аслиддин Соҳибназаров, Файзуллоҳ Абдуллоев, Тӯхтабой Ғаффоров, Ҳабибуллоҳ Саидмуродов, Шаҳоб Шарифов, Рамазон Мирзоев ва Саъдуллоҳ Хайруллоев ҳузур доштаанд. Вале Раҳмон Набиев дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар робита ба омодагии сафари раёсатҳои Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон тафсилоти дигар дод. Тафисоли ӯ ба нақли ҳамсараш дар ин робита монанд буд. Марҳум дар иҷлосия иброз дошт, ки ӯро Акбаршоҳ Искандаров гуфтааст, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа парвоз мекунаду ҳамаи ҳайат мунтазири раисҷумҳур мебошанд.

Президент Республики Таджикистан Рахмон Набиевич Набиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Набиев - раисҷумҳуре, ки як бор интихоб шуд, аммо ду бор "истеъфо" дод

Замоне ки раисҷумҳур ба фурудгоҳ мерасад, касе аз ҳайатро намебинад. Ӯро, ки навбатдори хонаи вакилони фуругоҳ пешвоз гирифта буд, мегӯяд: “Аҷабо, ҳамин ки телефон шуд, ки Шумо сӯйи майдони ҳавоӣ рафтед, онҳо дарҳол ба мошинҳояшон нишаста бозпас рафтанд”. Чун раисҷумҳур, ба нақли худаш, касеро пайдо наменамояд, Шаҳоб Шарифовро аз тариқи телефон супориш медиҳад, ки аъзои ҳайатро пайдо кунад. Аммо раиси КАД баъди 40-50 дақиқа назди раисҷумҳур ҳузур ёфта, мегӯяд, ки касеро пайдо накард. Ба нақли Р. Набиев, беш аз як соат ӯ дар интизори ҳайат дар фурудгоҳ мемонад. Зеро ӯ мегӯяд, танҳо беш аз як соат бо авиаторҳо суҳбат доштааст.

Он ки Раҳмон Набиев дар иҷлосияи 16 гуфт, соати 11:30 ба фурудгоҳ рафтааст, дуруст аст, зеро ба қавли Аслиддин Соҳибназаров, 7-уми сентябр, соати 12 ӯ ба ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олӣ рафт ва он ҷо касе аз иштирокдорон суол мекунад, ки раисҷумҳур ҳам ба Хуҷанд мераванд? Дар посух ба ин суол Акбаршоҳ Искандаров мегӯяд, “бале, ӯ моро дар фурудгоҳ интизор аст” (Аслиддин Соҳибназаров, “Субҳи ситоракуш”, китоби дуюм, саҳ. 222).

Идома дорад... 

Лентаи хабарҳо
0