Макгрегор хостори сабқат бо Нурмуҳаммедов шуд: Ҳабиб мехоҳад "девонагӣ"-ҳоро фаромӯш кунад

© AP / John LocherКонор Макгрегор после проигрыша Нурмагомедову
Конор Макгрегор после проигрыша Нурмагомедову - Sputnik Тоҷикистон
Конор Макгрегор, размикори ирландӣ хостори ташкили қувваозмоияш бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов, қаҳрамони UFC шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Макгрегор пешниҳод кард, ки қувваозмоии дубора – “реванш” бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар шаҳри Маскав ташкил карда шавад, навиштааст ӯ дар Twitter.

Хабиб - Пуарье видео боя - Sputnik Тоҷикистон
Навори комили қувваозмоии Ҳабиб ва Дастин Пуаре

Қаблан Дан Уайт, президенти  UFC  ташкили дигарбораи қувваозмоии Макгрегор ва Нурмуҳаммадовро истисно накард ва тавзеҳ дод, ки ба шарте агар довталаби камарбанди қаҳрамонӣ Тонӣ Фергюсон ба майдон набарояд, эҳтимол дорад, ки Макгрегор рақиби навбатии Ҳабиб шавад.

Қувваозмоии қаблии Ҳабиб ва Макгрегор моҳи октябри соли гузашта баргузор шуд, ки бо пирӯзии размикори доғистонӣ анҷомид.

Нурмуҳаммедов шоми 7 сентябр дар пайи пирӯзияш бар рақиби амрикоӣ, Дастин Пуаре аз сабқаташ бо Макгрегор ёд карда, гуфт, ки  он “девонагӣ”-ҳои зиёд дошту мехоҳад он ҳамаро фаромӯш кунад.  

Размикори доғистонӣ илова намуд, ки имрӯз бо Дастин Пуаре ва тими бузургаш нишон доданд, ки ҳунарҳои размии омехта чист. Ба гуфтаи ӯ дар ин бахш ҳурмату эҳтиром дар мақоми аввал мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала