Мақомдори воломақоми Узбакистон барои ҷашни Истиқлол ба Хуҷанд омад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксДворец культуры "Арбоб" имени С. Урунходжаева в городе Худжанд, архивное фото
Дворец культуры Арбоб имени С. Урунходжаева в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар толори қабули расмии Қасри Арбоб Фарҳод Тошпулатов, муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Узбакистонро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котботи раиси вилояти Суғд, Фарҳодҷон Тошпулатов барои иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбакистон боз размоиши ҳарбӣ доир мекунанд

Дар мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати расмии вилояти Фарғонаро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз таҳкими муносибатҳо бо вилояти Фарғона ёдоварӣ кард.

Ба иттилои котибот, Аҳмадзода қайд кардааст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳои Суғду Фарғона мустаҳкам гардида истодаанд.

Муовини якуми ҳокими Фарғона аз номи роҳбарият ва сокинони вилояти Фарғона мардуми тоҷикро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт ва дар роҳи расидан ба дастовардҳои нав барору комёбиҳо таманно намудаст.

Мирзиёев ба ваъдааш вафо кард: ҷарима барои меҳнати иҷборӣ дар Узбакистон сангинтар шуд

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ бунёд ёфтааст, минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала