Мусибат дар оилаи Далер Назаров ва Давлат Худоназар-акс

© Sputnik Амир ИсаевКонцерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров  - Sputnik Тоҷикистон
Модари ду ситораи фарҳанги Тоҷикистон – овозхону оҳангсоз, Далер Назаров ва коргардони шинохта, Давлат Худоназар дунёро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Нодирамоҳ Қадамшоева, модари Далер ва Давлат субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе як ҳафта қабл аз солгарди навбатии зодрӯзаш даргузашт.

Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазир гуфт, наметавонад ба Президент гӯяд, "Далер Назаров, мардаки хуб аст, мукофот диҳед"

Умр агар вафо мекард, Нодирамоҳ Қадамшоева 15-уми сентябри соли равон 97-сола мешуд, хабар доданд наздикони хонавода ба Sputnik Тоҷикистон.

Марҳум Қадамшоева, ҳамсари Меҳрубон Назаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ мебошад, ки ду ситораи рахшони санъат – Далер Назар ва Давлат Худоназарро ба воя расондааст. Ӯ дар рӯзе дунёро падруд гуфт, ки 60 сол қабл дар ин рӯз Далер Назаровро ба дунё оварда буд. Маросими видоъ бо марҳум дар шаҳри Душанбе дар назар аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ афроди зиёд аз даргузашти модари Далер ва Давлат изҳори ҳамдардӣ карда, ба хонавода сабри ҷамил хостаанд.

Ин дар ҳолест, ки интизор мерафт Далер Назаров 8 сентябри соли равон 60-умин солгарди мавлудашро таҷлил кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала