Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ферубет, Гастрофит ва Урсослит: 3 доруи нави ихтироъкардаи олимони тоҷик

CC0 / Public domain / Таблетки, архивное фото
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз дастовардҳои илми тиб дар кишвар суҳбат карда, се доруро ном бурд, ки олимони тоҷик ихтироъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Олимзода бо нашри як мақола изҳор доштааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ олимони соҳаи тибби кишвар ба як қатор дастовардҳои назарраси илмию амалӣ ноил шудаанд.

Дастгоҳҳои тиббии тақдимкардаи Кувайт ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дастгоҳҳое, ки вазифаи дил, шуш ва гурдаро иҷро мекунанд: кумаки Кувайт ба Тоҷикистон

Вазир се дору - Ферубет, Гастрофит ва Урсослитро ном бурда, таъкид намуд, ки инҳо аз ҷониби олимони тоҷик ихтироъ шуданд.

“Аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ доруҳои нави Ферубет, Гастрофит ва Урсослит коркард шуд, ки онҳо дорои хусусияти паст намудани қанд ва чарбҳои таркиби хун ва барқароркунии ҷигари иллатёфта мебошанд”, - навиштааст Олимзода.

Ӯ афзуд, дар баробари ин, ҳангоми бемориҳои дилу рагҳои хунгард усулҳои нави муолиҷаи ҷарроҳӣ аз ҷониби табибони тоҷик пешниҳод ва дар амалия ворид карда шуданд, ки ин амал боиси коҳиш ёфтани аворизҳо ва фавт дар байни беморон гардид.

Ба навиштаи вазири тандурустии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳангоми бемории санги талхадон намуди нави ҷарроҳӣ- криохолесистэктомия аз ҷониби олимони ватанӣ иҷро карда шуд.

Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд шуд: вазир гуфт, ин гувоҳи рушд аст

“Аз ҷониби олимони ватанӣ усули замонавии ташхиси электрофизиологии дил ва табобати вайроншавии назми дил – аблятсияи радиобасомадӣ бо натиҷаҳои дилхоҳ амалӣ карда шуд. Дар пайвандсозии гурда ва ҷигар усулҳои инноватсионӣ коркард карда шуд, ки аворизҳои баъди ҷарроҳиро кам карда, натиҷаҳои табобатро беҳтар гардонид”, - илова намудааст вазир.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки олимони тибби мамлакат, омилҳои хавфи инкишофи норасоии  ҳамроҳакро муайян намуда, роҳҳои пешгирии онҳоро пешниҳод ва дар амалия ворид намуданд.

Дар маҷмуъ ба иттилои вазир, айни замон дар Тоҷикистон 18 ҳазору 716 табиб ва 51 ҳазору 788 корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд.

"Мо бе камбудӣ нестем": паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон - видео

Олимзода илова намудааст, ки имрӯз дар соҳаи тандурустии  ҷумҳурӣ  142 доктор ва 496 номзади илми тиб фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 302 нафар номзади илми тиб ва 61 доктори илми тиб дар самти ҷарроҳӣ кор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала