Коҳиши тавлиди нафт дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Roy Luck / Oil tank cars in late afternoon lightЦистерны для нефтепродуктов, архивное фото
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз коҳиши тавлиди нафт ва афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 13,2 ҳазор тонна нафт тавлид шуд, ки ин дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 4,2 дарсад кам мебоштад, гузориш додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Зоири Давлат: ҷанги Сурия намунае аз танишҳои Арабистону Эрон аст

Манбаъ аз қавли Вазорати энержӣ ва захоири обии кишвар хабар додааст, ки Тоҷикистон дар ин муддат беш аз 247,8 ҳазор тонна бензин ва 6,7 ҳазор тонна маводи сӯхти дизелӣ тавлид кард.

“Дар зимн, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба ҶТ беш аз 273 ҳазор тонна маводи нафтӣ ба арзиши ҳудуди 113 миллион доллар ворид гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Нархи миёнаи ҳар як тонна маводи нафтии воридотӣ 414,2 доллар арзёбӣ шуд. Воридоти маводи нафтӣ дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 12,9 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Русия ба Эрон роҳи фирор аз таҳрими нафтро нишон дод

Русия таъминкунандаи аслии Тоҷикистон бо маводи нафтӣ мебошад. Ҳамчунин, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ба ҶТ маводи нафтӣ ворид мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала