Алайҳи ёрдамчии ронандаи қатора, ки духтари 13-соларо пахш намуд, парванда боз шуд

© © Sputnik / Андрей АрхиповТепловоз, архивное фото
Тепловоз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии вилояти Суғд аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ёрдамчии ронандаи қатора, ки духтари 13-соларо пахш намуда маъюб кард, хабар дод

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Пас аз анҷоми тафтишот дар робита ба ҳодисаи нохуш дар шаҳри Бӯстон, ки ба маъюб шудани духтари 13 сола анҷомид, нисбати ёрдамчии ронандаи қатора парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст, хабар медиҳад сомонаи SuqdNews.

Поезд на железной дороге - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони шаҳри Бӯстон пойи духтаре, ки зери қатора монд, буриданд

Бар хабари манбаъ, нисбати номбурда тибқи моддаи 211 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардидаст.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд духтари 13 - сола зери қатора монда буд.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса духтарак саросемавор мехост роҳи қатораро убур кунад, вале ин замон зери қатора дармонд. 

Гуфта мешавад, ҳарчанд ронанда ин духтарро дид ва кӯшиш кард ба таври изтирорӣ қатораро нигоҳ дорад, вале аллакай дер шуда буд.

Табибон вазъи духтари 13 сола, ки дар Бӯстон зери қатора монд,вазнин арзёбӣ мекунанд

Духтари 13 - соларо фавран ба бемористони шаҳри Бӯстон ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд. Ба гуфтаи пизишкон ин беморхона, барои наҷот додани ҷони ӯ лозим шуд,то пойи чапи ӯро бибуранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дасти чапаш низ дар ин ҳодиса сахт осеб дидаст.

То ҳол пизишкони беморхона ҳамаи чораҳоро барои наҷот додани ҷони сокини ин минтақа андешида истодаанд ва мегӯянд, ки муолиҷаи ӯ дар беморхона на кам аз ду моҳ идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0