Бо пули Чин 21 километри роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб навсозӣ мешавад

Бо маблағҳои кумаки бебозгашти Чин 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб пурра таъмиру навсозӣ карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ҳусни оғоз бахшид.

Эмомали Рахмон и Бег Сабури на открытии в Кулябе Дворца водных видов спорта - Sputnik Тоҷикистон
Зиёфати Президент дар хонаи нави оилаи Бег Сабур дар кӯчаи Сангак Сафаров

Манбаъ қайд намудааст, ки таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб дар доираи амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмиру таҷдид, роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Чин аз тарафи ширкати роҳсозии чинии “Чайна Роуд” амалӣ карда мешавад.

“Дар навбати аввал дар доираи амалисозии марҳалаи мазкур барқарорсозии 11,5 километр роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб, 1 пули 39-метра дар роҳи Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва равшаннамоии 16 километр ба нақша гирифта шуда буд”, - зикр намудааст манбаъ.

Инчунин,манбаъ таъкид намудааст, ки ҳукумати Чин иловатан бар 11,5 километр таъмиру навсозии роҳ боз 10 километр роҳро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Кӯлоб ба уҳда гирифтанд.

“Ҳамин тавр бо маблағҳои кумаки бебозгашти Чин 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб пурра ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо таъмиру навсозӣ карда мешаванд”, -  қайд намудааст дафтари матбуоти расиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват кард, ки сокинони маҳаллӣ дар амалисозии лоиҳаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб бештар ҷалб карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала