Пешниҳоди ройгони нусхаҳои электронии китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон

© SputnikVI Международная выставка "Китоби Душанбе"
VI Международная выставка Китоби Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нусхаи электронии китобҳои дарсиро пешниҳоди омма кард

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сомонаи расмияш нусхаҳои электронии китобҳои дарсии макотиби миёнаро нашр кардааст, ки аз синфи 1 то синфи 11-ро фаро мегиранд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дод, афроде, ки дар дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ мушкилие доранд, метавонанд нусхаи онҳоро аз сомонаи Вазорати маориф дастрас кунанд.

Ин ниҳод инчунин дастуру барномаҳои таълимии ҳамаи фанҳоро пешниҳоди омма кардааст. Қаблан раёсати ин ниҳод теъдоди муҳассилини макотиби миёнаро дар кишвар ҳудуди 2 миллион нафар арзёбӣ карда буд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар арафаи соли хониши равон хабар дода буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 123 ҳазору 256 нафар омӯзгор, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5 ҳазору 775 нафар омӯзгор ва 221 нафар корманд, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2508 нафар омӯзгор ва устоҳои техникии таълимию истеҳсолӣ ва 1307 нафар корманд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 11693 нафар омӯзгорон ва 2069 нафар корманд, дар умум 146 ҳазору 829 нафар ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.

Лентаи хабарҳо
0