Зиёфати Президент дар хонаи нави оилаи Бег Сабур дар кӯчаи Сангак Сафаров

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб як бинои 13-ошëнаи истиқоматиро ифтитоҳ кард, ки бо маблағгузории ҶДММ “Комил-2010”, ширкати марбут ба оилаи Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар бунёд гардидааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, маркази тиҷоратию фароғатӣ, тарабхона ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.

Истиқболи Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
Пешвозу истиқболи бошукӯҳи Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб - Акс

“Дар як қисмати бино бо назардошти Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои сайёҳон хонаҳои алоҳида бо тамоми шароит ҷудо карда мешавад. Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд ва корҳои сохтмониро ҶДММ “Комил-2010” ба зимма дошт”, - омадааст дар иттилоия.

ҶДММ “Комил-2010” аз ширкатҳои фаъоли бозори сохтмонӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба номи Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабт шудааст.

Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки ширкати мазкур сохтмони бинои истиқоматии нав дар кӯчаи Сангак Сафаровро соли 2018 оғоз карда, моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дод. Баъди ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба 190 кӯдаки ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим кард.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба боғдорон гуфт, бо машварати олимон кор кунанд

Ҳамчунин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сангак Сафаров бо саҳми фаъолонаи соҳибкор Алишер Акрамов боз як бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.

“Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ҳаштошёна буда, дорои таҳхона ва таваққуфгоҳ мебошад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур маркази савдою хизматрасонӣ, тарабхона ва ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ дар бар гирифта, бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст”, - таъкид намуд дафтари матбуот.

Дар ошёнаи якуми бинои навбунëд хатнасури 60 кӯдаки нимятим аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала