Марди 57-сола бар ивази 150 сомонӣ хонаашро барои алоқаи ҷинсӣ иҷора медодааст

© Free-Photos / PixabayКровать в номере, архивное фото
Кровать в номере, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марди 57-сола дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод бар ивази 150 сомонӣ хонаи истиқоматиашро барои алоқаи ҷинсӣ ба иҷора медодааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи дастгиршавии марди 57-сола, ки хонаи истиқоматиашро дар шаҳраки Зафаробод ба фоҳишахона табдил додааст, хабар дод.

Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марди 32-сола дар Душанбе манзили иҷораашро ба фоҳишахона табдил дод

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 57-солаи сокини шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда намуданд. 

Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда, рӯзи 10-уми сентябри соли равон, тахминан соати 13:00, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба як ҷуфт марду зани сокинони шаҳраки Зафаробод шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Инчунин, номбурда рӯзи 14-уми августи соли равон, тахминан соати 10:00, дар хонаи истиқоматиаш ба як ҷуфт марду зан барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофтпулӣ гирифтааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала