Салавот бар Муҳаммад ва оли ӯ: истиқболи исмоилиён ва суханронии Оқохони IV -видеоҳо

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВизит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳзода Карим, Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар маросими тақдими Ҷоизаи меъмории Оқохон дар Театри опера ва балети Тотористон иштирок кард

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Оқохони IV - ро зимни сафараш дар Тотористон Минтимар Шаймиев, мушовири давлатӣ ва нахустин президенти ин кишвар роҳбаладӣ карда, меҳмони воломақом аз маконҳои гуногуни фарҳангӣ боздид намуд.

Сипас тариқи роҳрави сурх Оқохони IV ба Театри опера ва балети Тотористон ворид шуд, ки дар он ҷо маросими супоридани Ҷоизаи бонуфузи меъморӣ баргузор шуд.

Гуруҳе аз исмоилиён дар даромадгоҳи Театри опера ва балет роҳбари руҳонияшонро бо фиристодани салавот ба Муҳаммад (с) ва оли Муҳаммад истиқбол гирифтанд.

"Аллоҳума салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад", - дастаҷамъона қироат карданд ҳозирин ба пешвози пешвои исмоилиёни ҷаҳон.

Оқохони IV бо аҳли оилааш барои супоридани ҷоизаи меъморӣ дар Қазон қарор дорад ва дар маросими асосӣ суханронӣ карда, ҳадафҳояшро аз таъсиси ҷоиза тавзеҳ дод. Гузориши видеоӣ аз маросими супоридани ҷоизаҳо:

Соли 2019 - миёни барандагони ҷоиза - Тарҳи бозсозии шаҳри Муҳаррак дар Баҳрайн, Тарҳи таълимии "Arcadia" дар Бангладеш, Осорхона дар шаҳри Бирзеити Фаластин, Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Тотористони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 тарҳи бозсозии боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ гардидаанд.

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Шарофзода аз Прокуратураи шаҳри Хоруғ ва ситоиш аз мактаби Оқохон

Ҳамчунин қисмате аз Донишгоҳи ба номи Алиуна Диопа дар шаҳри Бомбай, Боғи "Wasit" дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб низ миёни тарҳҳои беҳтарини меъморӣ номбар шудаанд.

Имсол кори барандагони озмун аз ҷониби нӯҳ довар аз ҳисоби коршиносон ва меъморони шинохтаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Ҷоиза 42 сол боз инҷониб супорида шуда, то имрӯз 122 тарҳ барандаи Aga Khan Awards for Architecture шудааст. Дар умум то соли 2019 барои дарёфти Aga Khan Awards for Architecture беш аз 9 ҳазор тарҳи меъморӣ пешниҳод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0