Маҷлиси Шӯрои исломӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Эрон даъват кард

© котиботи Маҷлиси миллии ТоҷикистонМаҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанберо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар ҷараёни мулоқот нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири навтаъйинро шодбош гуфта, амалисозии пайвастаи татбиқи ташаббусҳои созандаи сарони давлатҳоро вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ кард.

Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши додугирифти коло миёни Тоҷикистону Эрон: вазиру сафир хостори ислоҳи вазъ шуданд

Ӯ густариши робитаҳои мутақобилан судманди байнипарлумониро барои таҳким ва рушди фазои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа зарур хонда, ба тақвияту тавсеаи фаъолияти гуруҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ таъкид кардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар марҳилаи кунунӣ таҷдиди назар ва татбиқи воқеии созишномаҳову қарордодҳои баимзорасида, густариши бемайлони робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро муҳим хонда, ҷалби сармояи эронӣ дар саноатикунонии кишварро, ҳамчун тақозои замон махсусан зикр кардаст.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - Sputnik Тоҷикистон
Паёми роҳбарони Эрону Туркманиcтон ба Эмомалӣ Раҳмон

Дар навбати худ Муҳаммадтақии Собирӣ бо арзи қаноатмандӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти самимӣ, паёми шодбошӣ ва даъвати раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаноби А. Лоринҷониро ба Убайдуллоев расондааст.

Лоринҷонӣ аз раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар вақти барояш мувофиқ анҷом бо сафари расмӣ ба Теҳрон ташриф биёрад.

Собирӣ таъкид намудааст, ки дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои мавҷуда дар татбиқи масъалаҳои матраҳгардида ва тавсеаи муносибатҳои кишварҳои дӯст талош хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0