Даҳшат: сарозер шудани духтари ҷавон аз шаршара - видео

Рухсатии Хизр Фримен қариб буд дар Гавая ба фоҷиа анҷом ёбад. Духтари ҷавон аз болои шаршара сарозер шуд

Дар болои сари гардишгари 27-сола камераи GoPro насб шуда буд, ки ҳамаи ҳодисаи даҳшатборро ба навор гирифтааст.

Навори пурраи ин рухдод дар YouTube нашр шудааст.

В Канаде морской лев напал на девочку и утащил под воду - Sputnik Тоҷикистон
Даҳшат: гурбаи баҳрӣ духтаракро "фурӯ" бурд - Видео

Аз навор дида мешавад, чигуна духтар ба лаби баландӣ наздик мешавад ва пояш лағжида сарозер мешавад. пас аз чанд лаҳзае духтар дар даруни об ғарқ мешавад, вале ба ҳамаи ҷароҳатҳои бардошта нигоҳ накарда аз дохили об берун мебарояд.

Пизишкон гардишгарро ташхис карда муайян карданд, ки чанд ҷойи бадани ӯ шикастааст, вале бо дарназардошти ин ҳама ҷароҳат ба гуфти коршиносон, "бахт ба рӯяш хандидааст".

"Ин ҳодиса зиндагии маро ба куллӣ тағйир дод. Маро бо чархбол оварда ҷарроҳӣ карданд", - навиштааст Фримен.

Корбарони интернет дар шарҳи ин видео навиштаанд, ки ҳамааш аз беаҳамиятии худи ӯ сар задааст ва маслиҳат доданд, ки аз ин ва баъд боаҳамият шавад.

"Ҳамааш аз рӯи кунҷковӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби ин бону сар зад", - гуфтаанд дигарон.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала