Турдиев ба пирӯзии мунтахаби наврасони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё- 2020 бовар дорад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев иброз намудааст, ки мақсади дастаи мо роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоии Қаҳрамонии Осиё мебошад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Заркаи Урдун марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16–сола дар гурӯҳи "А" оғоз мегардад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Навори пирӯзии тими Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими Қазоқистон - видео

Бар хабари манбаъ, дастаҳои мунтахаби  наврасони Тоҷикистон,  Урдун, Кувайт, Шри-Ланка ва Непал барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.

Зимнан сармуррабии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев зимни нишасти матбуотӣ иброз доштаст, ки  футболбозони тоҷик ба ин мусобиқа бо тайёрии пухта омада, дар се мусобиқаи байналмилалӣ дар давлати Чин, Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки  бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи "А" имрӯз бо бозии байни дастаҳои Непал бо Урдун ва Кувайт бо Шри-Ланка оғоз ёфта, то 22 сентябр идома меёбад.

Финал: Тоҷикистону Қазоқистон барои Ҷоми Президент рақобат хоҳанд кард

Футболбозони Тоҷикистон 16 сентябр бо Шри-Ланка аввалин бозии худро доир мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0