Эълони озмун барои ишғоли ду вазифа дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкОбъявления о вакансиях в газете. Архивное фото
Объявления о вакансиях в газете. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои ишғоли ду вазифаи холӣ дар ин ниҳод, аз ҷумла мутахассиси равоншинос ва корманди хурди тиббӣ озмун эълон намудаст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ниҳоди марбута ба мутахассиси равоншинос ва корманди хурди тиббӣ ниёз дорад.

Автобусы в Душанбе, украшенные в преддверии праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон
Таваҷҷӯҳ: ККВД ронандагони соҳибтаҷрибаро ба ҷойи кори доимӣ даъват мекунад
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, барои довталабон ба вазифаи равоншинос доштани маълумоти олӣ, махсус, ихтисосе, ки мувофиқи фаъолияти пешниҳодшуда мувофиқ аст ва ё маълумоти миёнаи махсус ва идомаи омӯзиш дар мактаби олӣ дар шакли ғоибона, таҷрибаи кор, ҳамчунин сифатҳои шахсие, ки ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда имкон диҳад, ҳатмӣ медонанд.

Эълони озмун барои ишғоли 5 курсии холӣ дар Вазорати меҳнат: маош то 2 392 сомонӣ

 Барои ишғоли вазифаи корманди хурди тиббӣ бошад доштани маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ, таҷрибаи на камтар аз як соли кор дар соҳа, талаб карда мешавад.

Кумита афзудааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ  ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд.

Озмуни Рустами Эмомалӣ барои ишғоли беш аз 25 курсии холӣ: эълони маош ва талабот

Манбаъ меафзояд, қабули ҳуҷҷатҳо то 31 - уми декабри соли равон идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0