Ҳалокати ду зан дар садамаҳои нақлиётии рӯзҳои ахир

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Дар садамаҳои нақлиётие, ки рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон дар Тоҷикистон рух додааст ду зан аз ноҳияиҳои Дарвоз ва Деваштич ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду зан дар садамаҳои нақлиётие, ки дар шоҳроҳҳои “Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе” ва “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” рух додааст, хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 16-уми сентябри соли равон, ронандаи худрави “Хонда-СРВ”, Бачаҷонов Мустафо, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе”, воқеъ дар деҳаи Мумираки ноҳияи Муъминобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. 

Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: ҳалокати ду сокини ноҳияи Ванҷ ба сабаби чаппа шудани мошин ба дарёи Панҷ

“Дар натиҷа, мусофираш Бачаҷонова Ширинмоҳ Сафархуҷаевна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Дарвоз, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон.

дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр намудааст, ки худи ронанда, Бачаҷонов М.М. ва дигар мусофиронаш: Бачаҷонов Мирхуҷа, соли таваллудаш 1994 ва Маҳмадзиёева Саида, соли таваллудаш 1970, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВУД хабар додааст, ки рӯзи 17-уми сентябри соли равон, ронандаи худрави “Опел-Астра”, Ҳусейнбоев Юсуф, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди деҳаи Сӯфӣ-Орифи шаҳри Истаравшан, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҷӯраева Саида, соли таваллудаш 1953, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи ҳодисаҳои мазкурро таҳқиқот доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала