Дар Гран Прии Тошканд 12 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонПешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе
Пешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, 20- уми сентябри соли равон дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байналмиллалии Гран При баргузор гардида то 22 - юми сентябр давом меёбад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бар тибқи иттилои IJF, дар мусобиқа 423 варзишгар аз 71 давлати дунё иштирок мекунанд.

Спортсмен Сомон Махмадбеков посетит Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон мегӯяд, миёни варзишгарон ҳамчунин 12 намояндаи тоҷик низ ҳузур доранд.

Ба хабари манбаъ, ба мусобиқаи мазкур 12 варзишгари тоҷик аз рӯи ҳамаи категорияҳои вазнӣ миёни мардон гуштин мегиранд. Варзишгарони тоҷик: дар вазни -60кг Муҳаммад Муҳаммадзода, Шаҳбоз Саидаброров, вазни 66 кило Ёқубҷон Боқиев, вазни 73 кило  Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, вазни 81кг Акмал Муродов, Садр Боев, вазни -90кг – Комроншоҳ Устопириён, вазни -100кг – Саидҷалол Саидов, Шарифҷон Назриев ва вазни +100кг – Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов.

Дар асоси қуръакашии мусобиқа, ки имрӯз 19 сентябр  доир гашт, ҳарифони варзишгарони тоҷик дар даври аввал маълум гаштанд.

Комроншоҳ 2 зина поён, Сомон 11 зина боло шуд: раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо

20 сентябр Муҳаммад бо Виҷай Кумар Ядав аз Ҳиндустон, Шаҳбоз бо Комрон Нуралиев аз Узбекистон, Ёқубҷон бо Майкл Адам аз Олмон қувваозмоиро шурӯъ мекунанд.
21 сентябр аз даври дуюм Беҳрӯз бо Евгений Прокопчук (Руссия), Сомон бо Ҳикматуллоҳ Тураев (Узбакистон), Акмал бо Франк Де Вит (Нидерланд) гуштин мегиранд.
Дар рӯзи охир Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, Шарифҷон бо Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбакистон), Саидҷалол бо Томас Брикено (Чили), Шакармамад бо Руслан Шаҳбозов (Русия) ва Темур бо Ричард Сипоз (Маҷористон) аз даври аввал мусобиқаро оғоз менамоянд.

Дзюдочиёни тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Венгрия мераванд

Варзишгарон дар баробари медал, соҳиби холҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0