Ҷудочиёни тоҷику қирғиз барои иштирок дар мусобиқа ба Хуҷанд мераванд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон мусобиқаи куштии ҷудо миёни варзишгарони тоҷику қирғиз доир шавад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 2 то 5 - уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи куштии ҷудо баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.

Спортсмен Сомон Махмадбеков посетит Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур барои дарёфти 7 - умин Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон доир мегардад.

Комроншоҳ 2 зина поён, Сомон 11 зина боло шуд: раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо

Гуфта мешавад, дар мусобиқаи куштии ҷудо ба ҷузъ аз варзишгарони тоҷик, ҳамчунин ҷудочиёни қирғиз низ ширкат меварзанд.

Манбаъ меафзояд, Қирғизистонро 9 варзишгар дар вазнҳои аз 60 кило то 100 кило муаррифӣ мекунанд.

Ҷудокори 20-солаи тоҷик қаҳрамони Русия шуд

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар шаҳри Токио, Қаҳрамонии ҷаҳонӣ оид ба ҷудо баргузор шуд ва варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа мақоми панҷумро аз они худ намуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0