Убайдуллоев бо сафири Покистон аз амният дар Афғонистон гуфт

© Вебгоҳи Маҷлими миллии Маҷлиси Олии ҶТУбайдуллоев бо сафири Арабистон мулоқот кард
Убайдуллоев бо сафири Арабистон мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Имрон Ҳайдар, сафири навтаъини Покистон дар Душанбе густариши ҳамкориҳо ва амнияти Афғонистонро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Убайдуллоев нахуст Имрон Ҳайдарро   барои таъинаш ба мақоми сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки дар тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо саҳми босазо хоҳад гузошт.

Президент РФ В. Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин барои дидан аз тамрини ҳарбии "Марказ - 2019" озими размоишгоҳи Донгуз шуд

Раиси Маҷлиси миллӣ таҳкими муносибатҳою ҳамкориҳои мутақобилан  судманди кишварҳоро дар ҳама самтҳо, хусусан иқтисоду тиҷорат, соҳаҳои гидроэнергетикаю инфрасохториро муҳим хондааст.

Махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва саноатикунонию сайёҳӣ таъкид шудаанд, ки бар асоси санадҳои баимзорасидаи ҷонибҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқиро доро мебошанд.

Убайдуллоев афзудааст, ки дар ин замина такмили пайвастаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо беш аз ҳарвақта тақозои замон мебошад.

Покистон имкони ҷанги ҳастаӣ бо Ҳиндро баид намедонад

“Ҳамзамон, ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз мавқеи наздик ва ё яксони мамлакатҳо дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа, пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккилона мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд”, - омадааст дар иттилоияи Маҷлиси миллӣ.

Тоҷикистону Афғонистон минбаъд алайҳи офатҳои табиӣ муборизаи муштарак мебаранд

Манбаъ афзуд, ки зимни мулоқот таъкид гардид, ки танҳо фаъолияти муштараки хайрхоҳонаи ҷонибҳои марбута дар ҳамкорию ҳамраъйӣ баҳри таъмини Афғонистони босубот метавонад кафили осудагии минтақа  ва рушди муттасили он гардад.

Имрон Ҳайдар дар навбати худ барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, баён  дошт, ки дар давраи фаъолият барои татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд фаъолияти мақсаднокро ба роҳ хоҳад монд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала