Мизони таваррум: Ҳукумат чанд барномарезӣ кардаасту амалан чӣ қадар шуд?

© PixabayДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, аз моҳи августи соли гузашта то моҳи августи соли ҷорӣ мизони таваррум дар кишвар ба 8,6 дарсад баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Мизони таваррум дар бахши масрафкунандаи Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 5,8 дарсад буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Беқурбшавии сомонӣ идома дорад: болоравии таваррум дар Тоҷикистон наздик ба 5 дарсад расид

Манбаъ аз қавли Ожонси омори Тоҷикистон хабар додааст, ки мизони таваррум дар моҳи август 0,9 дарсад буд.

Бар асоси омори расмӣ, дар ҳафт моҳ нархи маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, ҳамчунин хидматрасониҳо афзоиш ёфт. Тибқи додаҳои оморӣ, мизони солонаи таваррум аз августи соли гузашта то августи соли ҷорӣ 8,6 дарсад буд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон имсол дар сатҳи 7 дарсад доштани мизони таваррумро барномарезӣ кардааст. Соли гузашта рушди таваррум 5,4 дарсад буд.

Дар ҷамъбасти ҳафтмоҳа Ожонси омори Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки таваррум дар соҳаи истеъмолии Тоҷикистон ба 4,9 дарсад расид. Манбаъ  мизони таваррум дар моҳи июлро низ 0,9 дарсад арзёбӣ кардаа, онро ба болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқа, инчунин нархи хизматрасонии пулакӣ ба аҳолии кишвар рабт дода буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала