Дар Гран При Тошканд Беҳрӯз ба даври саввум роҳ ёфт, аммо Сомон шикаст хӯрд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар мусобиқаи Гран При, ки дар шаҳри Тошканд феълан идома дорад, як ҷудокори тоҷик ба даври баъдӣ роҳ ёфт, вале варзишгари дигар аз идомаи сабқат маҳрум шуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Тоҷикистонро, ки дар мусобиқаи Гран При ду ҷудокор дар вазни 73 кило намояндагӣ мекунанд, яке аз идомаи сабқат маҳрум ва дигаре ба даври сеюм роҳ ёфт.

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран-при дар Исроил аз ду ҳарифаш мағлуб шуд

Бар хабари сомонаи Варзиш, Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Евгений Прокопчуки рус оғоз кард. Дар ин набард Беҳрӯз рақибашро мағлуб ва  ба даври сеюм роҳ ёфт.

Дар Гран Прии Тошканд 12 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

Акнун Хоҷазода дар пайти сеюм бо Эрик Ҳеми бритонӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Манбаъ қайд мекунад, ки Сомон низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз ҷудочии мизбон Тураев Ҳикматуллоҳ шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Комроншоҳ 2 зина поён, Сомон 11 зина боло шуд: раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо

Мусобиқаи Гран При дар шаҳри Тошканд то 22 - юми сентябр давом меёбад, ва Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Спортсмен Сомон Махмадбеков посетит Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

Дар рӯзи охир Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, Шарифҷон бо Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбакистон), Саидҷалол бо Томас Брикено (Чили), Шакармамад бо Руслан Шаҳбозов (Русия) ва Темур бо Ричард Сипоз (Маҷористон) аз даври аввал мусобиқаро оғоз менамоянд.

Варзишгарон дар баробари медал, соҳиби холҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0