Боздошти марде, ки ду низомии русро дар Бохтар захмӣ кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон мардеро, ки ду низомии русро корд зад, боздошт карданд. Таҳқиқи қазия идома дорад

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон марде, ки бо корд ба ду низомии пойгоҳи 201-и Русия ҳамла кард, боздошт шуд. Дар ин бора манобеъи Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.

Машина скорой помощи в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Захмӣ шудани 2 низомии Русия дар Тоҷикистон

Айни замон таҳқиқи қазияи захмӣ шудани ду низомии рус идома дорад.  

Ёдрас мешавем, ки ду низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бар асари зарбаи корд маҷруҳ шуданд.

Бар асоси иттилоъ, низомиён берун аз хидмат дар пайи аъмоли ғайриқонунии сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд. Асли қазия ва ҷузъиёт мавриди тафтиш қарор дорад.

Ба низомиён кумаки тиббӣ расонда шуда, ба ҳаёташон таҳдиде нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли ҳозир ба таҳқиқи ҷузъиёти қазия машғуланд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он ба ҳисоб рафта, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0