ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт дар саҳифааш дар Twitter замони бозгашти Конор Макгрегорро гуфт.
Ҳафтаи равон Макгрегор дар саҳифааш дар Twitter шарҳе навишт, ки аз бозгашти ӯ ба майдони ҳарб дарак медод. Ӯ гуфт "Дублин, 14 декабр".
Dublin, December 14th.
— Conor McGregor (@TheNotoriousMMA) 16 сентября 2019 г.
Ба гуфти Уайт собиқ қаҳрамони муҳорибаҳои омехта дар воқеъ мехоҳад рӯзи 14 декабр дар Ирландия ба октагон барояд.
"Бовар дорам шумо шарҳи ӯро дар Twitter дидед. Конор мехоҳад рӯзи 14 декабр дар Дублин размоиш кунад. Вале ҳамин рӯз мо дар Лас-Вегас барномаи дигаре дар нақша дорем. Агар ӯ он ҷо нашавад, мумкин авоили соли оянда ба октагон бозмегардад", - гуфт Уайт дар сабти видеоӣ.
Q: #AskDana when's @TheNotoriousMMA gonna fight?
— Dana White (@danawhite) 19 сентября 2019 г.
- @TheOtherCanelo
A: pic.twitter.com/ugmcFnbBWT
Размикори ирландӣ Конор Макгрегор аз моҳи октябри соли 2018, пас аз шикаст дар муҳориба бо размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳамммадов ба майдон набаромадааст.