Паёми табрикии раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Абуабдуллоҳ Рӯдакиро аз бузургмардон ва фарҳехтагони ҷаҳони шеъру адаб гуфт

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи бузургдошти Абубабдуллоҳ Рӯдакӣ муборакбод гуфт.

Рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи бузургдошти асосгузори шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи Рӯдакӣ чӣ медонем?

Раҷаббой Аҳмадзода, ба ин муносибат, кулли сокинони вилоятро муборакбод гуфтааст.

"Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз бузургмардон ва фарҳехтагони ҷаҳони шеъру адаб ба ҳисоб рафта, бо назми оламгир ва донишу истеъдоди фақулода дар шинохти ҳақиқати рӯзгор моро панди зиндагӣ додааст", - гуфтааст ӯ.

Дар идомаи табрикот раиси вилоят аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мисол овардааст, ки мегӯяд: “Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихии миллати куҳанбунёди мо мебошад”.

Мавзуъҳои панду андарз, тарғиби некиву некӯкорӣ, дӯстӣ, хуш гузаронидани умр ва ба муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан ҷавҳари ашъори Рӯдакиро ташкил дода, барои сарҷамъии мардуми олам хидмати мондагорро анҷом додааст.

Памятник Рудаки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист: 22-уми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ

Андарзҳои устоди назм имрӯз низ мақому маҳбубияти худро побарҷо нигоҳ дошта, дар тарбияи инсонҳои асил, тарғиби ахлоқи шоиста, накӯкорӣ, бо дӯст шоду масрур зистан, илму маърифатро чароғи раҳнамои зиндагӣ қарор додан нақши равшан дорад.

Шеъри оламгири Рӯдакӣ барои густариши ҷуғрофиёи забони тоҷикӣ дар ақсои олам мусоидат ва тӯли асрҳо барои поку муназзаҳ ҳифз гардидани ин рукни муҳими давлатдории миллӣ хизмат намудааст.

Рисолати шеъри Рӯдакӣ инсонгароӣ буда, шоир таъкид мекунад, ки инсон бояд дар ҳама кор ва дар давоми зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад, аз ин рӯ, ин таълимот дар камолоти маънавии халқҳо мавқеи беназирро ишғол намудааст.

Лентаи хабарҳо
0