Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб

© wikimedia.org/IbrahimjonПри въезде в Куляб, архивное фото
При въезде в Куляб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Кӯлоб эълон намудааст, ки дар татбиқи барномаҳои давлатӣ дар бахши истифодаи лоиҳаҳои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ дар зарфи 8 моҳи сипаришудаи соли равон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидааст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб  15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҳакимзода Чинро боэътимод хонду ба сармоягузорӣ дар “Кӯлоб”-у “Данғара” даъват кард

“Аз ҳисоби соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар 8 моҳи соли ҷорӣ 6 лоиҳаи инвеститсионӣ тайёр карда шуда, ба Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории  Тоҷикистон" пешниҳод гардид. Айни ҳол як лоиҳа мавриди амал қарор дорад”- таъкид намудааст манбаъ.

Мақомоти шаҳр и Кӯлоб қайд намудааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷию маҳаллӣ барои амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019 нақшаи барномаҳо тартиб дода шудааст.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Боғи "Хуталон" дар назди Истгоҳи роҳи оҳан, Боғи ба номи Саидалӣ Вализода, гулгаштҳои ба номи Сафар Амиршоев ва Саидҷон Назаров ва дигар корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва маорифу фарҳанг бунёд гардиданд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ду лоиҳаи нав дар соҳаи роҳсозӣ ва таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб мавриди амал қарор дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала