Шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург корманди қудратиро пахш кард

© Sputnik / Стас ЭтвешПолицейский сине-красный маячок, архивное фото
Полицейский сине-красный маячок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Петербург шаҳрванди Тоҷикистон худравашро дар ҷои номуайян гузоштаву корманди қудратиро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург корманди пулисро пахш кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

Ҳодиса рӯзи ҷумъа дар кӯчаи Советии ноҳияи марказӣ рух додааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марде, ки ду низомии русро дар Бохтар захмӣ кард

Бино ба гузориши манбаъ, шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон худраваш Opel Astra-ро дар ҷои номувофиқ гузошта будааст. Дар навбати худ корманди Бозрасии давлатии автомобилии Русия аз ӯ талаб кардааст, ки мошинашро дар ҷои мувофиқ гузораду ҳуҷҷатҳояшро нишон диҳад.

Вале тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, муҳоҷир сари чанбарак бозгашта пулисро пахш кардааст. 

Захмӣ шудани 2 низомии Русия дар Тоҷикистон

Дар натиҷа корманди мақомот аз пойҳояш захмӣ шудааст. 

Нисбати шаҳрванди Тоҷикистон барои "истифодаи зӯрӣ нисбати корманди давлатӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Тафтишоти пешкашӣ дар ин самт идома дорад", - афзудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0