Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”

© Фото : sultoni-kabir.tjРынок в Душанбе Султони Кабир, архивное фото
Рынок в Душанбе Султони Кабир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар бозори “Султони кабир”-и шаҳри Душанбе як гурӯҳ дуздони кисабур дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Кормандони милитсияи пойтахт се сокини шаҳри Кӯлоб ва як сокини шаҳри Душанберо, ки дар бозори “Султони кабир” ба кисабурӣ машғул буданд, дастгир намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба нафаре дар назди “Султони Кабир” шинос шуду ба 112 ҳазор доллар фиреб хурд

Тавре манбаъ хабар додааст, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят овард.

Номбурда ба кормандони милитсия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 2-юми сентябри соли равон, ҳангоми дар бозори “Султони Кабир” қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 90 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Кормандони милитсия дар пайи ҷустуҷӯ чаҳор нафар шаҳрвандонро дастгир намуданд.

“Аз тарафи командони милитсия марди 34-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, марди 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шудааст ва марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0